Имсол дар Тоҷикистон 22 муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла 7 адади он ба шаҳри Душанбе, 7 адад ба вилояти Суғд, 6 адад ба вилояти Хатлон ва 2 муассисаи дигар ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд, иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки 10 октябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024 таҳия, бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.
Зикр гардид, ки дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» 940 кати хоб, 470 ҷуфт мизу курсии кӯдакона, 470 ҷевон барои либоси кӯдакон, 188 ҷевон барои бозича, 94 мизу курсӣ барои мураббиён харидорӣ ва дастраси муассисаҳо гардонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» таҳия карда шуд, ки пас аз мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






