ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 150 нафар соҳибкорону тоҷирони ду давлат Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Созмондиҳандагони он палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Дар Форуми соҳибкорӣ, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамгироии кишварҳо мусоидат менамояд, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ширкатҳо ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Беларус иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.
Муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон, таҳкими робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин ҷалби сармоя бо мақсади бунёди корхонаҳои санотӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми соҳибкорӣ буд. Дар доираи он намоиши молу маҳсулоти Беларус таҳти унвони «Made in Belarus» ташкил гардид, ки дар он беш аз 60 корхонаи истеҳсолии Беларус дастовардҳои соҳаҳои гуногуни саноат, назири растанипарварӣ ва чорводорӣ, хӯрокворӣ, нӯшокиҳо, қаннодӣ, мошинсозии соҳаи кишоварзӣ, сайёҳии фароғатӣ ва тиббӣ, инчунин маорифро ба намоиш гузоштанд.
Дар ҳошияи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи B2B баргузор гардида, миёни корхонаю ширкатҳои истеҳсолии ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар зер аксҳои намоишгоҳи мазкур пешниҳод мешаванд:
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон














Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






