Ҳайати Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Октябрь 11, 2022 11:22

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Қирғизистон дар Тоҷикистон қарор дорад. Намояндагони ҷумҳурии ҳамсоя ба Душанбе барои музокира бо ҳамкорон ворид шудаанд, хабар доданд дар Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

«Мавзӯи музокирот, ки 4 рӯз идома меёбанд, аломатгузорӣ (демаркатсия)-и марзи муштарак хоҳад буд», — таъкид карданд дар хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашуда миёни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд. Сабаби асосӣ- қитъаҳои делимитатсиянашудае мебошанд, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна гузаштани сарҳад имконнопазир аст.

Бори охир авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-16 сентябр муташанниҷ гардид. Бар асари муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон қариб 40 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 11, 2022 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд