Ҳайати журналистони Узбекистон аз Тоҷикистон боздид менамояд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо сарварии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров аз Тоҷикистон боздид менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара идома меёбад.
“Ҳайати журналистони узбек дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд”,– мегӯяд Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Рӯзи аввли сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизион ва радиои вилоят боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан менамоянд. Инчунин журналистони узбек ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо навгониҳои шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шинос мешаванд.
Дар баробари силсиладидор аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Тунсунзода амалӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Тоҷикистон ва Узбекистон марҳилаи сифатан нав касб намудаанд. Аз ҷумла, 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






