АВВАЛИН ҚАТОРАИ ТРАНЗИТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАСИРИ ЭРОН БА ТУРКИЯ РАҲСИПОР МЕШАВАД! Дар Вазорати нақлиёт Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ баррасӣ гардид

Октябрь 20, 2022 11:52

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи ин санад нахустин қатораи боркашони транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ҷониби Туркия раҳсипор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.

Дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия  интиқол меёбанд.

Дар конфронс  намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик, инчунин мутахассисону  коршиносони  соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ  иштирок намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон  аст. Зеро рушди системаҳои логистикӣ натиҷаи якчанд тамоюли ҷаҳонии рушди глобалӣ мебошад.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика —  дастовардҳои  илмӣ ва амалии фаъолияти он, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти  ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои  нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда  ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ гардиданд.

Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёт бо намояндагони Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Зимни онҳо дурнамои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

                                                           АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Октябрь 20, 2022 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд