АВВАЛИН ТАҶРИБА ДАР МИНТАҚА. Дар Тоҷикистон котибот ва сомонаи зиддитерроризм таъсис меёбад

Октябрь 17, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /НИАТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 Котибот ташкил карда шуда, ҳамчунин, барои инъикоси он пойгоҳи махсус фаъол мешавад. Дар ин бора Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, коршиноси АМИТ»Ховар» дар «Телеграм-канал»-аш навиштааст.

Ба гуфтаи ӯ 12-уми октябр таҳти сарпарастии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Ҷаласаи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

Ризоён афзуд, хабари муҳими ҷаласаи 12-уми октябр, таъсиси Котиботи татбиқи Стратегия ва сомонаи махсус оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм (сомонаи иттилоотӣ-таҳлилӣ) мебошад.

Ба таъкиди вай, яке аз ҳадафҳои Котибот “ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба татбиқи Стратегия аст.

“Амалигардонии ин Стратегия масъалаҳои арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон, ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус ҷомеаи шаҳрвандиро муҳим мегардонад.

Зимни баррасии масъала пешниҳод шуд, ки дар доираи фаъолияти Котибот бо созмонҳои ҷамъиятӣ (онҳое, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм кор мекунанд, мутаассифона шумораи онҳо чандон зиёд нест) вохӯрии алоҳида баргузор карда шавад”, — навиштааст Шералӣ Ризоён.

Номбурда дар заминаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод кардааст, ки дар доираи Котибот мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони ҷомеаҳои коршиносӣ ва журналистӣ оид ба инъикоси мушкилоти экстремизм ва терроризм баргузор карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин таклифҳо ба назар гирифта, амалӣ шаванд, мо дар ин самт таҷрибаи нодири миллӣ хоҳем дошт.

Мавриди зикр аст, ки 1-уми июни соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро тасдиқ карда буданд. Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Хотиррасон мешаваем, ки 18-19 октябри соли равон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузори мегардад. «Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, он идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб меёбад»,- хабар доданд ба АМИТ «Ховар» намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тарҳрезии либоси хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли ягонаи миллӣ баррасӣ гардид
Сатҳи забондонии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ санҷида мешавад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошканд тақвият меёбад
Дар Хоруғ машқи омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор шуд
Дар роҳҳои Душанбе санҷишҳо гузаронида мешаванд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ДӮСТӢ-2025». Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд