Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар Ҳисор мусобиқаи варзишӣ доир ба волейбол доир мегардад

Октябрь 23, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор» мусобиқаи варзишӣ доир ба волейбол доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Тавре масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр карданд, мусобиқаи мазкур дар се марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи интихобии якум аз 24 то 28 октябр дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марҳилаи интихобии дуюм аз 1 то 8 ноябр миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва марҳилаи ниҳоӣ 11 — 12 ноябр бо иштироки ғолибони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида мешаванд.

Дастаҳое, ки дар марҳилаи шаҳрӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, баъд аз ҷамъбаст намудани мусобиқа бо “Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор” ва туҳфаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳадафи баргузории мусобиқа ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмини истироҳату фароғат миёни ҷавонон, барқарор ва мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву рафоқат байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор ва муайян намудани дастаҳои ғолиб ба шумор меравад.

АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Октябрь 23, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд