БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Шаҳринав 7 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд

Октябрь 31, 2022 11:00

ШАҲРИНАВ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 7 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки Литсей барои хонандагони болаёқат (барои 640 хонанда), бинои иловагии муассисаи таълимии №41 (дорои 8 синфхона), Маркази саломатии деҳаи Пахтакор,  Маркази дандонпизишкӣ, клиникаи хусусӣ ва майдончаю толори варзишӣ (аз ҳисоби соҳибкорон) мебошанд.

Дар ин бора мудири бахши меъморию шаҳрсозии ноҳияи Шаҳринав Даврони Хуршед ба  мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Бинои кӯҳнаи Маркази саломатии деҳаи Пахтакор аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда, садамавӣ гардида буд. Хушбахтона, соҳибкори ватандӯст Аюбҷон Қӯзиев, ки ҳамеша дар ободию созандагии ноҳияи Шаҳринав саҳм мегузорад, бо маблағи зиёда аз якуним миллион сомонӣ бинои наву замонавии Маркази саломатии деҳаи Пахтакорро бо масоҳати умумии  600 метри мураббаъ  сохт. Бинои мазкур дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони  ин минтақа туҳфа мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони 91 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 6 адад иншооти соҳаи саноат, 8 адад маорифу тандурустӣ,  15 адад соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ ва варзиш, 3 адад биноҳои баландошёна ва дигар иншооти муҳиму хизматрасонӣ  мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд