БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бо беш аз 200 ҷои кор ба истифода дода мешавад

Октябрь 10, 2022 15:15

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода шуда, дар он беш аз 200 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Дар шаҳри Панҷакент бунёди беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи гузашта 96 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни боздид аз шаҳр ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз якчанд иншооти бунёдшаванда ва коргоҳҳо дидан намуданд.

Онҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бо ҷараёни бунёди биноҳои баландошёна шинос шуданд. Ҳамзамон бо бинокорон суҳбат карда, ба соҳибкорон барои ин иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд. Зимнан, ҳоло дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 9 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ бунёд мешаванд.


Боздид аз коргоҳи хусусии истеҳсоли хиштҳои ороишӣ, ки сокини деҳаи Чинор Ҷурабой Ғаффоров дар ҳавлиаш бунёд намуда, маҳсулоташ аллакай харидорони зиёд пайдо кардааст, таассуроти нек гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ӯ барои васеъ намудани коргоҳ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот замин ҷудо намудааст. Дар бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии деҳаи Бӯстондеҳи Саразм, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр аз тариқи ҳашар бунёд шудааст, корҳои охирини омодагӣ барои пазироии хонандагон ҷараён доранд.

Ҳамчунин бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру таҷдиди беморхонаи амрози сироятии шаҳр идома дорад.

Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин аз ҶСП «Мармари Зарафшон», ки дубора ба кор шурӯъ намудааст, сардхонаҳои соҳибкорон Қурбонов ва Шокир Азизмуродов дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки онҷо ҳоло себу ангур нигоҳдорӣ мешаванд, бунёди меҳмонхонаи нав дар маркази тиҷоратии «Ашан»-и деҳаи Ғӯсар дидан намуда, ба ин иқдоми онҳо баҳои баланд доданд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Октябрь 10, 2022 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд