ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ДЗЮДО. Қувваозмоиҳои паҳлавонони тоҷик дар Тошканд натиҷагирӣ гардид

Октябрь 13, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 6 октябр дар шаҳри Тошканд шурӯъ гардид ва имрӯз, 13 октябр бо қувваозмоиҳои даставии омехта ба анҷом мерасад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемпионат 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар аз миёни мардҳо ба Тошканд сафарбар гардиданд, ки натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод.

Темур 12 октябр дар вазни +100кг қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, бар Мариус Физел (Словакия) ғалаба кард. Ӯ дар даври сеюм Ҷозеф Терес (Фаронса), дар чорякфинал Минҷонг Кимро (Корея) шикаст дода, ба нимфинал баромад. Аммо дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Татсуру Саито ва дар нерусанҷӣ барои ҷои сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар ин вазн Эндӣ Гранда аз Куба бо шикаст додани Татсуруи ҷопонӣ ғолиб гардид. Гурам Тушишвилӣ ва Минҷонг Ким медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар вазни -66кг кишвари моро варзишгари ҷавону умедбахш, чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ муаррифӣ кард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Орландо Полансо аз Куба пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ- чемпиони ҷаҳон ва олимпӣ Ҳифуми Абе аз Ҷопон, ки медали тилло гирифт, шикаст хӯрд. Дар ин вазн медали нуқра насиби варзишгари дигари ҷопонӣ Ҷоширо Маруйама ва медалҳои биринҷӣ насиби Денис Виеру (Молдова) ва Баул Ан (Корея) гардиданд.

Рӯзи сеюм ду варзишгари мо дар вазни -73кг гӯштин гирифтанд. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал аз Нилс Стамп (Швейтсария) мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал Бенҷамин Аксус (Фаронса)-ро мағлуб кард, вале дар даври дуюм аз Виктор Стерпу (Молдова) шикаст хӯрд. Медали тиллои ин вазнро Тсогбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон) ба даст овард. Ӯ дар финал Соиши Ҳашимотои ҷопониро шикаст дод. Ду медали биринҷиро Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) ва Даниел Гаргнин (Бразилия) сазовор шуданд.

Дар вазни -81кг низ ду варзишгари мо рӯи татамӣ баромаданд. Шодмон Ризоев, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Ашраф Моутии марокашӣ шикаст хӯрд. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар варзишгари Канада Франсис Драпеу ғолиб омад, вале дар даври дуюм аз варзишгари мизбон Шарофиддин Болтабоев шикаст хӯрд. Унвони чемпиони ҷаҳон дар ин вазн насиби Тато Григалашвилии гурҷӣ шуд. Матзиас Кассе аз Белгия медали нуқра, Такаҳори Нагасе аз Ҷопон ва Шамил Бочашвилӣ аз Австрия медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванови булғористонӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) аз Станислав Гунченкои украинӣ шикаст хӯрданд. Давлат Бобонови узбекистонӣ бо шикаст додани Кристиан Парлатии итолиёӣ дар финал чемпион шуд. Ду медали биринҷиро варзишгарони Гурҷистон Лука Маисурадзе ва Лаша Бекаурӣ сазовор шуданд.

Абубакри Акобир дар вазни -100кг дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Намояндаи Испания Николоз Шеразадишвилӣ мағлуб гардид. Дар ин вазн низ варзишагри Узбекистон Музаффарбек Туробоев ғолиб шуд. Медали нуқра насиби Киле Рейеси канадагӣ, медалҳои биринҷӣ насиби Михаил Коррел (Нидерланд) ва Зелим Котсоев (Озарбойҷон) гаштанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Ҷопон бо 5 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Бразилия бо 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 2 медали тилло дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, варзишгарони 8 давлат ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтанд. Варзишгарони 25 давлат соҳиби медал шуданд.

Тоҷикистон бо 1 ҷои панҷум миёни 82 давлати иштирокчӣ дар ҷои 28-ум қарор гирифт.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 13, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шоҳмот оғоз мегардад
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳӣ 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюм бо дастаи футболи ИМА бозӣ мекунад
Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад