«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон меҳмони шаҳри Истаравшан гардиданд
СУҒД, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 20 то 23 октябр аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Хуҷанд, Б.Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд меҳмонӣ сурат мегирад.
Дар ин бора муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб РОЗИҚЗОДА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ иттилоъ дод.
20 октябр гурӯҳи калони ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ- иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!» иборат аз 120 нафар ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд омаданд.
Меҳмонони гиромиқадрро бо урфу одати тоҷикона, таҳти садои карнаю сурнай муовини Раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода ва гурӯҳи калони ҷавонони шаҳр дар ҳудуди даромадгоҳи тарабхонаи марказӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд.
Баъдан меҳмононро Раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ба ҳузур пазируфта, ташрифашонро ба Истаравшани бостонӣ хайра мақдам гуфт. Ӯ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ҷумҳурӣ ёдовар шуда, ҳамчунин бо ифтихор илова намуд, ки ҳамоиши мазкур маҳз аз Истаравшани бостонӣ оғоз мегардад.
С
ипас сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҷон Иброҳимзода оид ба пешравиҳои фаъолияти Кумита ва самти дастгирии ҷавонони мамлакат дар 31 соли соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Дар идома гурӯҳи меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла «Қалъаи Муғ» ва «Ҳазрати Шоҳ» дидан намуд. Идомаи ҳамоиш дар мавзеи фароғатӣ-истироҳатии «Парчам»-и шаҳр бо барномаи консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» идома ёфт, ки меҳмонон аз он хеле хушҳол гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳо баргузории ҳамоишу конференсияҳо, фестивалу машваратҳо, тамошои ҷойҳои таърихӣ, барномаҳои консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. Бо мақсади тақвият додани дӯстӣ ҷавонон барои шабгузаронӣ дар хонаҳои истиқоматии фаъолҷавонони шаҳрҳои болозикр ҷойгир карда мешаванд. Ин усул имкон медиҳад, ки ҷавонони манотиқи гуногун дар муҳити хонаводагии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ зиндагӣ карда, бо ҳамдигар қарин гарданд.
Пагоҳ сафари гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






