Дар Душанбе Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ муаррифӣ гардид

Октябрь 24, 2022 14:26

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 октябр дар шаҳри Душанбе Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ муаррифӣ гардид, ки дар кори он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, намояндаи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон Алиҷон Алиев, корманди лоиҳаи Ready4Trade Эстев Морел ва намояндагони дигар идораву ташкилот иштирок намуданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар А. Абдураҳмонзода иброз намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чораҳо вобаста ба дасггирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дастгирии содироткунандагон пешбинӣ гардидаанд, ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025» қабул шудааст, ки дар доираи он иҷрои зиёда аз 160 тадбир ва нақшаву чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки сафи содиротро ба кишварҳои ҷаҳон рушд диҳад. Аз ҷумла, дар даврони истиқлолият маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз 40 номгӯйе, ки қаблан буд, ба зиёда аз 450 номгӯй молу маҳсулоти содиротӣ баробар гардид. Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2021 тавонист, ки содироти маҳсулоти худро ба зиёда аз 2,3 млрд доллар расонад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи маркази байналмилалии савдо, яъне Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ, ки дар доираи Лоиҳаи Ready4Trade бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, умедворем, ки ин барнома шароити хубе фароҳам меорад, то дар оянда бидуни монеаҳои иловагӣ содироткунандагон маҳсулоти худро пешниҳоди бозорҳои ҷаҳонӣ намоянд»,-изҳор дошт А. Абдураҳмонзода.

Зикр гардид, ки барнома ҳам аз дарсҳои онлайн ва ҳам рӯ ба рӯ иборат буда, ба содироткунандагони ҳозира ва оянда дастрас аст. Ҳадаф аз роҳандозии ин ибтикор боло бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ аз имконияти нави содиротӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти соҳибкорон, махсусан занонро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав бардорад. Таҳияи барномаи омӯзишии мазкур бо назардошти тағйироти саросарӣ дар ҷаҳон ва пайдоиши роҳҳои нави тиҷоратӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи корманди лоиҳаи Ready4Trade Эстев Морел, ҳангоми таҳияи ин дарсҳо ба мушкилоти мушаххас ва амалие, ки содироткунандагон ҳангоми фаъолият дучор мегарданд, такя мекунад. Зимни таълими ҳам рӯ ба рӯ ва ҳам онлайн аз воситаҳои замонавии таълим кор гирифта мешавад, ки ҷалбу шавқмандии фаъолонаи хонандагонро тақозо карда, назорати дарсҳоро осонтар мегардонад.

«Мо бо ширкатҳои содироткунанда ҳамкории наздик ба роҳ мондаем ва ин ибтикор ба фаъолияти мо дар самти пешниҳоди маълумоти муфид ва дақиқ доир ба содирот ба бозорҳои хориҷӣ мусоидат мекунад. Ин дарсҳо асосҳои тиҷорати фаромарзӣ ва содирот ба бозорҳои беруниро ёд медиҳанд. Тоҷирони мо метавонанд донишҳои худро дар ин самт тақвият бахшанд ва мо низ ба ҳайси яке аз созмонҳое, ки ба ширкатҳои ватанӣ ҷиҳати аз худ кардани қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ ёрӣ мерасонад, имкониятамонро васеъ мегардонем»,- гуфт муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова.

Мавсуф изҳор дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки фарогирии ин барномаро дар тамоми минақаҳои Тоҷикистон амалӣ намояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2022 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид