Дар Душанбе созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 3 октябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, созишномаҳоро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Арзиши умумии лоиҳа 47,34 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 30 млн доллар гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (бо эквиваленти 22,4 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ва 17,34 млн доллар гранти Фонди ягонаи донории трастии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ, қисми III барои мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (бо эквиваленти 16,19 млн евро) мебошад.
Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими мошингард ва пурзӯр намудани иқтидор вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин 3 октябр Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар ноҳияҳои алоҳида, инчунин таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт барои такмил ва беҳтар кардани хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мебошад.
Арзиши умумии Лоиҳа 45 млн доллари амрикоӣ (баробар ба 33,5 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ)-ро ташкил медиҳад, ки он пурра аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ тариқи маблағҳои грантӣ маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад






