Дар Душанбе таҳкими ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон ва JICA баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражанӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ таҳти роҳбарии мушовири директор Сатоу Кан дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусоҳибон дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкорӣ миёни корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур оид ба инвеститсияи васеъ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамкории зич байни корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Азиз Набизода изҳори назар карда шуд.
Зикр шуд, ки бо истифода аз заминаҳои мусоид Тоҷикистон ва Ҷопон имкон доранд дар доираи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷиҳати ба роҳ мондани парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Ҷопон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






