Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд

Октябрь 8, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар  мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши  ҳамкорӣ  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин мусоҳибон атрофи конфронси дарпешбудаи Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ибрози андеша карданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил хоҳад шуд.

Бояд зикр намуд, ки Конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.

Дар бахши ифтитоҳии Конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ ҷаноби Владимир Воронков ва як қатор вазирон ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.

Натиҷаҳои Конфронс дар «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» инъикос хоҳанд гардид.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Октябрь 8, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад