Дар Хадамоти гумрук татбиқи лоиҳаи низоми «АСИКУДА» ба таври расмӣ оғоз ёфт

Октябрь 6, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти гумруки Тоҷикистон татбиқи «Системаи автоматикунонидашудаи «АСИКУДА» оид ба коркарди маълумоти гумрукӣ» ба таври расмӣ  оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими оғози он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода,  Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД)  Ребекка Гринспен, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, СММ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ иштирок намуданд.

Хуршед Каримзода зикр намуд, ки низоми мазкур дар доираи ҷузъи сеюми марҳилаи чоруми Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» амалӣ карда мешавад.  22 июни соли 2022 Созишнома миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) барои татбиқи системаи «АСИКУДА» ба имзо расид.

Низоми идоракунии гумрукӣ фарогири аксари расмиёти савдои берунӣ буда, ба коркарди манифестҳо, декларатсияҳои бори  гумрукӣ, баҳисобгирии амалиёти транзитӣ, интизорӣ, таҳиякунандаи маълумот оид ба савдо, ки ин маълумот метавонад барои таҳлили иқтисодиёт ва омор, инчунин дигар равандҳои тиҷорат истифода гарданд, равона шудааст.

Ба андешаи Хуршед Каримзода, татбиқи низоми «АСИКУДА» дар содагардонии савдо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди савдо, вусъати тиҷорати байналмилалӣ ва баланд бардоштани раддабандии сармоягузории кишвар дар оянда нақши муҳим дорад.

Дабири кулли Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен атрофи масъалаҳои навсозии низоми гумрукӣ гуфт, ки татбиқи низоми «АСИКУДА» дар 101 давлати ҷаҳон ба роҳ монда шуд.

Ребекка Гринспен ҳамчунин доир ба имконияте, ки истифодаи низоми нав барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, аз ҷумла, коҳиши вақти барасмиятдарории гумрукӣ, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва ҳамгироии имконоти пардохтҳои электронӣ ибрози назар намуд.

Зимнан зикр гардид, ки ин талошҳо бахше аз стратегияи Тоҷикистон барои ба бозори ҷаҳонӣ боз кардани иқтисод ва ноил шудан ба тағйироти сохторӣ, бахусус дар соҳаи зерсохтори нақлиёт ва диверсификатсияи содирот мебошад.

Инчунин ҳамоҳангсози минтақавӣ ЮНКТАД  Дмитрий Годунов бо рӯнамо баромад намуда, гуфт, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми «АСИКУДА» имкон медиҳад, ки низоми пурраи электронии идоракунии гумрукӣ дар сатҳи миллӣ ҷорӣ карда шавад. Ҷорӣ намудани низоми  муосири гумрукӣ мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ амалӣ мегардад.

Лоиҳаи «БРАМОМ-4», ки дар доираи он низоми «АСИКУДА» ҷорӣ мегардад, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид