Дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемории дил дар Муъминобод 1439 нафар ба ташхису табобат фаро гирифта шуданд

Октябрь 30, 2022 10:30

МУЪМИНОБОД, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемории дил» дар ноҳияи Муъминобод 1439 нафар ба ташхису табобат фаро гирифта шудаанд. Шумораи беморони бистаришуда нишон медиҳад, ки аксари беморон аз 35 то 55-сола мебошанд. Муассиса бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин буда, зиёда аз 45 нафар табиб ба беморон хизмат мерасонанд, ки аксари онҳо маълумоти олии тиббӣ доранд.

Муовини сардухтур Сабзаалӣ Бозоров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин муассиса бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ, дарди буғумҳо ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Дар беморхона беморон аз вилояти Суғд, Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ховалинг, шаҳри Леваканд ва дигар ноҳияҳои дурдаст мувофиқи муроҷиаташон бистарӣ карда шуда, табобат мегиранд.

Муассисаи мазкур ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳамаҷониба омода буда, дорои зиёда аз 100 адад печҳои буғӣ ва барқӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» дар ноҳияи Муъминобод соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он аз соли 2020 шурӯъ гардида, то имрӯз беш 2500 нафар шаҳрвандон саломатии хешро дар ин муассиса барқарор кардаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад