Дар Москва маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия баргузор гардид

Октябрь 25, 2022 14:20

 ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар Театри давлатии академии хурди шаҳри Москва  маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо тантана ва сабки хоси миллии тоҷикӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

Дар чорабинии тантанавӣ  аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ,  намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, воситаҳои  ахбори  омма, аҳли  илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Россия  иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва Статс-Котиб-Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Алла Манилова бо суханони шодбошӣ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.

Зикр гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Россия дар Тоҷикистон бо иштироки ходимони фарҳангу ҳунари ду кишвар ба анъанаи нек табдил ёфта, дар таҳкими дӯстии халқҳои мо нақши муҳим мебозад.

Сипас консерти калони устодони санъати Тоҷикистон оғоз шуд. Дар он  барандагони озмунҳои байналмилалӣ, ҳунарпешаҳои халқӣ ва хизматнишондода, овозхонҳои маъруфи эстрадӣ ва навозандагони асбоби мусиқӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳунарнамоии моҳиронаи гулдухтарони ансамблҳои рақсии «Гулрез»ва «Зебо» ба дили тамошобинон фараҳу шодӣ бахшид.

Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардид буд,  ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик шинос намуд.  Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебо ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.

Дар толори театр намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони боистеъдоди  тоҷик, инчунин маҳсули кори ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Россия ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии Россия “Росконсерт” баргузор гардид.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо баргузории барномаи ҳунарӣ ва дигар чорабиниҳо дар толори давлатии консертии ба номи «Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа 26 октябр идома меёбад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Октябрь 25, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид