Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад

Октябрь 15, 2022 12:20

Суғд, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 14 октябр зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳбари вилоят, аз ҷумла ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Валиғонд» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбат намуд.

Аснои суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар айни замон ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, кишоварзон нақша доранд 105 ҳазор тонна картошка истеҳсол намоянд.

Гуфта шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Валиғонд» дорои 194 гектар замин буда, дар 70 гектари он навъҳои «Романсо», «Пикассо», «Нурӣ» ва «Тоҷикистон» кишт гардида, истеҳсоли 2400 тонна картошка ба нақша гирифта шудааст.


Дар идома Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки иқлими ноҳия барои парвариши картошка хело мусоид буда, саҳми кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, махсусан таъмини бозори истеъмолӣ бо картошка назаррас мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба масъулин тавсия дода шуд, ки дар шароити кӯҳистон бояд ҳар порча замин самаранок истифода гардида, бо истифода аз тухмиҳои босифат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Октябрь 15, 2022 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад