Дар ноҳияи Рӯдакӣ Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд

Октябрь 15, 2022 12:27

РӮДАКӢ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар маросими мазкур  намоиши маҳсули заҳмати деҳқонони ноҳия, ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанону ҳунармандони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд, ки иштирокчиён  ба онҳо баҳои баланд доданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода дар ин маросим  ҷашни Меҳргонро ба кишоварзону сокинони ноҳия табрик намуда,  иброз дошт,  ки «дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш ёфтани як силсила арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихору сарфарозист. Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Хайриддин Ҷалолзода гуфт, ки “бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Меҳргон имрӯз эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд”.

Дар ҷамъомад фарҳангиёни ноҳия бо барномаи консертӣ табъи тамошобинонро шод гардониданд.

       АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Октябрь 15, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд