Дар Суғд истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 21,2 фоиз зиёд аст
ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол тадбирҳои муассир андешида шуд. Аз ҷумла, давоми 9 моҳи соли равон дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора зимни баргузории маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2022, ки 11 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар маҷлис гуфта шуд, ки тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 130 корхонаву коргоҳи нав бо 2685 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 220,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ зиёд аст.
Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст.
Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






