Дар Суғд оид ба татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ҷаласа доир гардид

Октябрь 13, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур.

Дар ҷаласаи сайёр Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрӣ Олимшо, муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Биволида Самадӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Сафаров, кормандони Раёсати Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дастгоҳ ва мудирони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода гуфт, ки солҳои 2020-2021 дар 80 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт вобаста ба татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории Агентии хизмати давлатӣ санҷиш гузаронида шуд. Таҳлил нишон дод, ки дар 80 ҷамоати шаҳрак ва деҳоти санҷидашуда 782 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар онҳо 564 нафар фаъолият дошта, 218 ҷой холӣ мебошанд. Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мазкур аз 564 нафар хизматчиёни давлатии амалан фаъолиятдошта 138 нафарро занон ташкил медиҳанд.

«Теъдоди ҷавонони хизматчии давлатӣ 173 нафар буда, кам будани теъдоди занону ҷавонон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Суғд нигаронкунанда мебошад»,-афзуд Дилноза Аҳмадзода.

Инчунин таҳлилҳои дақиқ вобаста ба татбиқи технологияҳои кадрӣ, яъне ташкил ва баргузории озмунҳо вобаста ба дарёфти ҷойҳои корҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, пешбурди захираи кадрҳо ва риояи бечунучарои талаботи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод гардида, мавҷудияти ҷойҳои зиёди кории холӣ дар ниҳоди идоракунии давлатӣ, кам ҷалб шудани занону ҷавонон ба хизмати давлатӣ, риоя нагардидани пешбурди парвандаҳои шахсӣ дар мақомоти давлатӣ, риоя нагардидани талаботи тахассусӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, нодуруст тасдиқ гардидани дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ ва доштани таъқиби ҷиноятӣ аз рӯи моддаҳои мухталифи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъалаҳои ташвишовар зикр гардиданд.

 

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ

Октябрь 13, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд