Дар ташвиқи санъати мондагори мусиқӣ – Фалак саҳми Одина Ҳошим беназир аст

Октябрь 10, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 10 октябр расо 15 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Фалак бо шукўҳи хосса таҷлил мегардад. Расман ворид шудани номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ки он 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж тариқи онлайн сурат гирифт, шаҳомати ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷикро боз ҳам афзуд. Дар рушди ин санъати мусиқӣ дар мамлакат фалаксарои беназиру шуҳратёр Ҳофизи халқии Тоҷикистон, шодравон Одина Ҳошим нақши арзанда гузоштааст.

Мухбири АМИТ «Ховар» ин мавзўъро пайгирӣ намуда, андешаҳои фарзанди сарояндаи номвар — устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимовро пешниҳоди хонандагон мегардонад.

«Дар ҳақиқат рушди бештари фалак, тарғибу ташвиқи он дар асри гузашта, шурӯъ аз солҳои 60 – ум ба устод Одина Ҳошим бастагӣ дорад. Воқеан, дар ин солҳо буд, ки падарам чанд намунаи фалакро дар Радиои Тоҷикистон сабт карданд. Ҳама базму вохӯриҳояшонро бо мардум бо фалак гарм медоштанду шукӯҳу зиннат мебахшиданд. Ба ҳар куҷое, ки мерафтем ва ё даъват мешудем, дуторашонро бо худ мегирифтанд. Албатта, ба хотири фалак, рушди бештари он ва тарғибу ташвиқаш. Он кас чандин навъи фалакро дар пардаҳои гуногун месароиданд. Ба ин васила дигаронро низ ҳидоят менамуданд, ки ба ин жанр на танҳо эҳтироми махсус бигузоранд, балки бо он барномаҳои ҳунарияшонро низ ғановат бахшида, рангин созанд», -мегўяд Раҳматулло Ҳошимов.

Номбурда илова кард, ки «бо пешниҳоду ташвиқи Одина Ҳошим, махсусан дар водии Кӯлоб, солҳои 80 – ум озмунҳои фалаксароӣ баргузор гардиданд. Ин озмунҳо чеҳраҳои навро аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ба майдони ҳунар овард. Одина Ҳошим шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст, ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Мӯҳтарамоваро ва даҳҳои дигарро боифтихор ба забон гирифт».

«Падарам хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буданд. Дар шинохти сухан ва шеъри асил истеъдоди фавқулода доштанд. Дурру гавҳарро аз баҳри беканори адабиёти беш аз ҳазорсолаамон ба осонӣ мешинохтанду дастрас карда метавонистанд. Вазни арӯзро хуб медонистанд. Задаҳои мантиқиро дар ҷойҳои худ мегузоштанд. Мақсади шоир, гӯяндаро, ки ҳамзамон ҳадафи худашон маҳсуб мешуданд, ба шунаванда мерасонданд. Ҳатто ба талаффузи ҳарфҳо диққати махсус медоданд. Ҳамин буд, ки дигар овозхонҳо барои интихоби матни барҷаста ба ӯ муроҷиат мекарданд.
Барои сабти радиоӣ ва телевизионӣ баъзе аз матнҳоро ба ҳолати равонии худ мувофиқ мекунонданд. Аз ин рӯст, ки хонишашон таъсири дигар дорад»,- ба ёд меорад ў.

«Одина Ҳошим ғазалҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидо, Ҳофиз ва дигар шоирони адабиёти муосиру классикиро бо ин жанр месароиданд. Имрӯз туфайли дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалак рушди тоза касб карда, дар кишвар густариш ёфт. Имрӯз мактаби фалаксароӣ ва сурудхонии устод Одина Ҳошим пойбарҷосту фаъолияти назаррас дорад. Аз ин мактаб фалаксароёни ҷавон ба арсаи ҳунар омаданд. Аз ин ҳама кас, албатта, шод мегардад ва бо дилпурӣ умед мебандад, ки ояндаи ин жанр дурахшон мебошад,- тазаккур дод устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошимов.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»: Одина Ҳошим 13 июни 1937 дар деҳаи Нимдараи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи ҳунарманди шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов ба дунё омадааст. Ў пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, тӯли се сол нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карда, соли 1954 онро хатм намудааст.

Номбурда ҳамчунин дар давоми фаъолияти эҷодияш Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро (1972) хатм кардааст. Одина Ҳошим соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз Театри халқии ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати коргардон оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон додаст.

Ў чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуд. Ҳамин буд, ки соли 1962 ба зиммаи ў (он вақт ҳамагӣ 25 сол дошт) вазифаи басо пурмасъулият, сарварии Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлобро вогузоштанд. Муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1991 ба сифати солисти театри мазкур фаъолият доштааст.

Одина Ҳошим 16 ноябри соли 1993 оламро тарк карда, дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе дафн шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст