Дар Тоҷикистон истеҳсоли чипс аз хурмо ба роҳ монда шуд

Октябрь 20, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ»-и ноҳияҳои Кӯшониён аз меваи хурмо чипси хушсифат истеҳсол менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бори нахуст аз хурмо чипс истеҳсол карда мешавад. Дар назар аст, ки чипси хурмо ба бозорҳои истеъмолии мамлакат ва хориҷи кишвар дастрас гардад. Зеро он бо таъм ва сифати хуби худ фарқ мекунад.

Дар айни замон дар Тоҷикистон фасли ҷамъовари хурмо ҷараён дорад. Хурмо дар таркиби худ витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯӣ ва дигар моддаҳои биологии фаъол дорад. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи муътадил нигоҳ доред, то 4-5 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Хоку иқлими Тоҷикистон барои парвариши хурмо мусоид буда, солҳои охир хурмопарварӣ хеле вусъат ёфтааст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон хушконидани мева ва истеҳсоли чипс аз меваҳо низ ба роҳ монда шудааст.

7 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Бадахшон»-ро ба истифода доданд. Самти асосии фаъолияти ин корхона коркард ва банду басти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс буда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Инчунин дар ин корхона дар марҳилаи аввал 9 навъи маҳсулот, аз ҷумла 4 намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва 5 намуди маҳусулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 20, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд