Дар вилояти Хатлон пахтакорони фаъолро қадрдонӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Левакант, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти «Якатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Ҷамоати деҳоти «Хуттан»-и ноҳияи Фархор барои иҷрои саривақтии дурнамои истеҳсоли пахта бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Мукофотҳоро ба фаъолон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли равон, ки 11 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид, супурданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода баргузор шуда, дар он муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, як қатор раисони кумитаҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.



Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилояти Хатлон нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳои кутоҳмудати рушди минтақавии вилоят ба 23,3 миллиард сомонӣ расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 29, 4 фоизи ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо андешида шуд. Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 518,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 36,3 милллион сомонӣ зиёд аст.
Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расида, дар маҷмуъ теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар афзоиш ёфтааст.
Зимни ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мулоқоти Президенти мамлакат 22 феврали соли равон бо фаъолони вилоят ва дастуру супоришҳои баёндошта ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмуъ дар қаламрави вилоят бо маблағи беш аз 1,5 миллиард доллори амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд






