Дар вилояти Суғд корхонаи нави металлургӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин бора дирӯз зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи муштараки «Зарафшон» Жан Яомин хабар дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолияти корхонаи калони саноатӣ, вазъи корҳои сохтмонии корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои уҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки дар корхона 2566 нафар коргарон фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки саҳми корхона дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳру вилоят назаррас буда, бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта зиёд карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст.
Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир дастрас гардидаанд. Дар назар аст, ки корхонаи нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои уҳдадориҳои корхонаи саноатӣ, бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дар истеҳсолот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ибрози назар намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






