ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон 50,2 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми октябр маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 50,2 фоизро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 октябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.
Бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Мавриди зикр аст, ки вилояти зикргардида тайи чанд соли охир иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.
Давоми беш аз 10 рӯзи ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 62 фоиз баробар мебошад.
«Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъват дар вилояти Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар ин вилоят 51 фоизро ташкил дода, дар ин замина ноҳияҳои Данғараву Вахш аллакай даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расониданд. Дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобаста ба даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ аллакай нақшаи пешбинишударо ба 48 фоиз баробар намудаанд»,-иброз дошт Ф. Маҳмадализода.
Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ давоми зиёда аз 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 38 фоизро ташкил медиҳад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






