«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ 246 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст

Октябрь 19, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон 246 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят.

Ба даври дуюми озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 4984 нафар иштирокчиён роҳхат гирифтаанд. Аз 17 то 21 октябр дар шаҳри Бохтар ва аз 24 то 27 октябр дар шаҳри Кӯлоб неруи зеҳнии иштирокчиён санҷида шуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Дар расми ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода, адибон, роҳбарони раёсату муассисаҳои марбута ва ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва муҳаққиқон  таркиб ёфта, ба донишу маҳорати иштирокчиён баҳо мегузорад.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 19, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд