ИД МУБОРАК, ҲАМКАСБОН! Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» 30-сола шуд

Октябрь 10, 2022 13:50

 ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 9 октябр Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» 30-солагии таъсиси худро таҷлил кард. Он бо Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 9 октябри соли 1992 таъсис ёфта, тамоми ин солҳо дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳм гузоштааст.

Таъсиси ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» идомаи мантиқии хоҳиши муштараки давлатҳои аъзои ИДМ барои фароҳам овардани фазои иттилоотӣ, инъикоси шаффоф ва беғаразонаи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва сиёсӣ гардид.

Ширкати телевизион ва радиоро 10 кишвари ҷаҳон: Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис додаанд.

Имрӯз фазои иттилоотию  расонаии ИДМ-ро бе пахши телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» тасаввур кардан душвор аст. «Мир» ҳамарӯза ба эфир баромада, ба хонаву оилаи мо маълумоти муҳим мерасонад, барои мардум табъи болида ва фазои идона эҷод мекунад.

Ширкати «Мир» дар худ ду шабакаи телевизионӣ- радио ва портали интернетиро фаро гирифта, системаи моҳвораӣ мебошад, ки тамоми рӯйдодҳои муҳиму саривақтии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пахш мекунад. Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоии мессенҷер хабару гузориш ва навору видеоҳои фаврӣ паҳн мекунад. Маълумоти мукаммал аз 12 филиал ва намояндагиҳои нуҳ кишвар дастрас аст.

Кори мутобиқ ва самарабахши коллективи эҷодии «Мир»-ро тамошобинону шунавандагон эътироф мекунанд. Дар 30 кишвар, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, онҳо метавонанд шабакаи хабарии MIR 24-ро тамошо кунанд. Шумораи бинандагони телевизиони он имрӯз аз 184 миллион нафар зиёд ва шунавандагони радиои «МИР» аз 47 миллион нафар бештар аст.

Филиали ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият намуда, барои инъикос намудани тамоми рӯйдодҳои муҳими кишвар саҳм мегузорад. Филиал дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Ш.Шотемур, 61 (рӯ ба рӯи Театри лӯхтак), дар ошёнаи якуми бинои 18-ошёна ҷойгир аст. Директори филиал рӯзноманигори варзида Вера Исмоилова мебошад.

АКС: Филиали ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» дар Тоҷикистон

Октябрь 10, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард