КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббуси «Мактаби ман»- ро роҳандозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббуси ҳизбии «Мактаби ман»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Вахш синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд, ки дар ин иқдоми хайр хатмкардагони муассиса ва соҳибкорони маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин давра ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби ташаббускорон 11 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Дар МТМУ 16-и ноҳияи Вахш 1 ҳазору 302 хонанда таҳсил дошта, бо ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ мушкили асосии муассисаи таълимӣ, ки норасоии ҷойи нишаст буд, бартараф гардид.
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаеро таҳти унвони “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” рӯи кор оварданд.
Дар ноҳияи Вахш 67 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар доираи ташаббусҳои муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илм масъалаҳои рӯзмарраи марбут ба таълиму тарбия марҳила ба марҳила ҳал шуда истодаанд.
Дар ноҳияи Вахш бо ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ то оғози соли хониши 2022-2023 15 муассисаи таълимӣ пурра таъмир гардид. Ҳамчунин дар самти таъмини синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш корҳои назаррас сурат гирифт. Бо дастгирии соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҳизб, хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат Нуралӣ Ризоев МТМУ №56 пурра аз таъмир бароварда шуда, дар Рӯзи дониш дари худро ба рӯи омӯзгорону толибилмон боз намуд.
«Солҳои пеш дар баъзе муассисаҳои таълимӣ норасоии ҷойи нишаст мушоҳида мешуд. Аз ҷумла, қаблан дар МТМУ №47-и ноҳия бо ин сабаб хонандагон дар се баст таҳсил мекарданд. Акнун бо роҳандозӣ гардидани ташаббуси созандаи “Мактаби ман” ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо кард. Маорифчиёни ноҳияи Вахш бо изҳори миннатдорӣ аз дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии ҲХДТ тасмим гирифтаанд, ки минбаъд дар татбиқи ташаббусҳои созандаи ҳизб саҳми арзанда гузоранд», – иброз дошт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Вализода.
Тибқи иттилои номбурда, амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” барои маорифчиён иқдоми муҳим маҳсуб мешавад, зеро бо роҳандозӣ гардидани амалиёти мазкур ҷаҳонбинии хонандагону омӯзгорон боло рафта, шароити муносиб барои таълиму тарбияи онҳо таъмин мешавад.
Дар “Соати сиёсӣ” аслан мавзӯъҳо дар бораи дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизму тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
АКС: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд






