МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зарфи консерваи кушодашуда бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад

Октябрь 9, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз он ки конверваро истеъмол намоед, аввал ба намуди он хуб диққат диҳед, то дар он хирашавии моеъ, ҳубобчаҳо, мағор мавҷуд аст ё не. Сипас таъми онро хуб чашед, ки дар он маззаи туршӣ ё ягон маззаи бад мавҷуд ҳаст ё не. Агар зарфи консерва кушода шуда бошад ва истеъмол нашавад, он бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад. Консерваи кушода набояд аз се рӯз зиёд нигоҳдорӣ шавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти консервашуда ғизои тозакардашуда аст. Агар он бидуни яхдон нигоҳдорӣ шавад, бактерияҳои дар таркибаш мавҷуда дар ҳарорати хона афзоиш меёбанд. Чунин тавсия медиҳад профессори кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рустам БОБОХОНОВ.

Мавсуф мегӯяд, дар тамоми оилаҳои тоҷик маҳсулоти захиракардаи консерва мавҷуданд. Агар бонувон хоҳанд, ки маҳсулоти консервакардаи онҳо безарар бошад, бояд қоидаҳои санитарию гигиениро ҳангоми коркард, омода намудан ва нигоҳ доштани онҳо ҳатман риоя намоянд.

Профессор Рустам Бобохонов

Ба гуфти профессор, меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки дар тамоми фасли сол барои организм заруранд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Аз ин рӯ барои омода намудани консерва аз сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва дигар иллатдошта худдорӣ намоед. Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст. Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.

«Коркард ва нигоҳдорӣ дар хона бояд хеле бодиққат ва амиқ анҷом дода шавад. Баъд аз маҳкам намудани зарфи конверса онро ғелонед, то боварӣ ҳосил кунед, ки сарпӯш пурра маҳкам шудааст, вагарна ҳавое, ки пас аз гардиш дар онҳо баста мешавад, боиси ферментатсияи маҳсулоти дохили зарфҳо мегардад ва онҳо метарканд. Баъди каме хунук шудани зарфҳо онҳоро ба ҷои нигоҳдории доимӣ кӯчонед ва чаппа гузореду болояшонро бо матои ғафс пӯшонед, то гармӣ нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз он ки чӣ гуна консерва аст, беҳтар аст, ки онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред, махсусан аз ҳарорати баланд ва нури Офтоб бояд дур нигоҳ дошт»,- зикр намуд Рустам Бобохонов.

Рустам Бобохонов иброз намуд, ки агар зарфи консервашуда сарпӯшаш дамида ва обаш тирагашта бошад, истеъмол накунед ва аз он ҳатто начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Инчунин ба хӯришҳои аз боимҷон, бодиринг ва карам, лўбиёи сабз, лаблабу, занбӯруғ омодашуда аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани зарфу маҳсулот, риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм ба миён меояд.

Ботулизм чӣ гуна беморист ва нишонаҳои он кадомҳоянд?

Ба гуфи мутахассисони соҳаи тиб, ботулизм бемориест, ки дар натиҷаи заҳролудшавии бадани инсон аз токсинҳои бактерияҳо пайдо мешавад. Ин бактерияҳо дар шароити камбудии оксиген токсинҳои марговар — ботулотоксинҳоро ихроҷ мекунанд. Яъне, ботулизм дар хӯрокворие, ки заҳр (токсин) дорад, инкишоф меёбад. Ин беморӣ на танҳо дар зарфҳое, ки маҳсулотро хубу тоза нашустаанд ва сарпўшҳояшон дуруст маҳкам карда нашудаанд, пайдо мешавад. Ба ин гуна зарфҳо бо ҳавои беруна бактерияҳои батсиллаи анаэробӣ даромада, раванди заҳролудшавии маҳсулотро метезонанд.

Вақте инсон маҳсулоти вайроншударо истеъмол мекунад, дар ӯ аломатҳои зерин: сардард, чархзании сар, камқувватӣ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ҳисси аз кор мондани дил, даҳонхушкӣ, ташнагӣ, дамиши шикам, қабзият ва чанд соат ё баъзан баъди 1-2 рўз вайроншавии биноӣ мушоҳида мегардад. Ҳарорати бадан аслан муқаррарӣ мемонад, вале агар шуш варам (илтиҳоб) дошта бошад, тасфи бадан гоҳе баланд мешавад.

Дар ин гуна ҳолат аввал беморро зуд ба беморхона расондан лозим аст. Дар ҳолати сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тандурустӣ ва гирифтани табобат саломатии беморон дар муддати 10-12 рӯз барқарор мегардад. Худтабобаткунӣ оқибатҳои ногувор дошта, одамро то ба фавт оварда мерасонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид