Миёни Тоҷикистон ва Россия лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиб омода шудааст
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазоратҳои тандурустии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон тарҳи созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва илмро омода кардаанд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи ҷумъа дар дафтари матбуоти департаменти Россия бо истинод ба Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко хабар доданд.
«Михаил Мурашко ҳамчунин эълон кард, ки Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи созишнома миёни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маорифи тиб ва илм омода кардааст», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Ба гуфтаи вазир, донишгоҳҳои тиббии Россия ба қабули донишҷӯён аз Тоҷикистон омодаанд. Ба ғайр аз ин Мурашко пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии тобеи Вазорати тандурустии Россия таҷрибаомӯзии шаклҳои гуногун ташкил карда шавад.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, дар муассисаҳои таълимии тобеи кишвар 2076 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахшҳои бакалавр, мутахассис ва магистратура таҳсил мекунанд, ки нисбат ба панҷ соли пеш қариб 40 фоиз бештар аст.
АКС: Агентии «Москва»








Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид






