Намояндаи Тоҷикистон аҳамияти амнияти озуқаворӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро таъкид кард

Октябрь 13, 2022 13:11

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр корманди Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ Таҳмина Ҳасанова дар муҳокимаҳои Кумитаи дуюми Иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.

Зимни суханронӣ Т.Ҳасанова аҳамияти амнияти озуқаворӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро таъкид карда, аз ҳадафи стратегии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ ёдовар шуд.

Инчунин ба ҳозирин оид ба Нақшаи миллии низоми озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми кишвар барои татбиқи ҳадафҳои асосии Саммити низоми озуқаворӣ ва ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ

Октябрь 13, 2022 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд