Нашриёти «Ирфон» ҷилди 21-уми асари Пешвои миллатро таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷилди 21-уми асари гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода.
Мавсуф зикр намуд, ки муассиса аз соли 2002 силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва аз соли 2006 тарҷумаи русии он- «Независимость Таджикистана и возрождение нации»-ро оғоз намуд. То имрӯз 20 ҷилди он бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидаанд.
Ҳамчунин ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ нашриёти «Ирфон» китоби Зубайдулло Раҳмонзода зери унвони «Шаҳди зиндагӣ»-ро бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонид. Ҳамзамон дар муассиса ба пешвози ин ҷашни бузург чанд китобу дастурҳои классикони тоҷику форс ва муосир омодаи чоп мебошанд.
Бори аввал маротиба ба муносибати ин ҷашни давлатӣ китоби тиббии донишманд ва пизишки маъруфи тоҷику форс Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмад таҳти унвони «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» аз ҷониби муассиса барои чоп омода гардидааст. Ин асари нодири тиббӣ нахустин мартиба дар охирҳои асри Х дар шаҳри Бухоро ба табъ расида буд.
Ба гуфти Қурбон Ғуломзода, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» китоби нодир, дастури бузург ва комилест, ки бештари масъалаҳои тиббиро дар шакли назариявӣ ва амалӣ инъикос менамояд. Ҷавҳар, мағзу моя ва мундариҷаи асосии китобро дастовардҳои тибби замони Сомониён, захираи луғавӣ ва забони осонфаҳми онро гулчини вожаву калимаҳои тиббии тоҷикии асримиёнагии сокинони шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Зарафшону Хуҷанд, Хатлон ва Бадахшон ташкил медиҳанд.
Бештари вожаҳо ва калимаҳои китоби мазкур ба фонди луғавии тиббӣ тааллуқ дошта, то як андоза барои хонандаи ғайримутахассис душворфаҳм мебошанд. Аз ин рӯ таҳиягарони китоби мазкур дар охири саҳифаҳо захираҳои луғавии забони тоҷикиро барои вожаҳои душворфаҳм оқилона истифода бурда, асарро оммафаҳм гардонидаанд.
Бояд гуфт, ки «Ҳидоят-ул- мутааллимин фи-т-тиб» то замони мо бо забони аслиаш омада расидааст. Таҳиягарон- олимони заабардасти тоҷик, докторони илмҳои тиб, профессорон Ю.Нуралиев, Ҳ. Рофиев ва М. Маллохоҷаев кӯшиш намудаанд, ки асар дар шакли асосӣ бо иловаи баъзе шарҳу эзоҳ ва тавзеҳоти калимаю ибораҳои душворфаҳм аз ҳуруфоти форсӣ ба хатти кириллӣ баргардонида шавад.
Китоби мазкур барои донишҷӯён, магистрантҳо, докторантҳо ва кормандони соҳаи тиб дастури хуби таълимӣ ва соҳавӣ мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






