«НЕЛЕГАЛ-2022». Дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти мазкур гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 октябр дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2022» мегузарад. Дар ин марҳила он «Нелегал-Кордон» номгузорӣ шудааст. Ҷараёни амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят амалӣ гардида истодааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Марҳилаи аввал бо номи «Нелегал-Трафик» баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз 27 июн то 4 июли соли 2022 аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
«Нелегал-2022» мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва иҷрои фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
Акс: ВКД ҶТ








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






