Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсддини Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бунёд карда шуда, ба як макони зебои сайру гашт ва истироҳати сокинон табдил ёфтааст.
Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад.
Зерсутунҳои нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои мармари сафед оро дода шуда, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.









ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






