Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

Октябрь 14, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.

Дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои амиқ баён карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод карданд, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷом дода шудаанд, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо тадбирҳои муассиртар андешида шаванд.

Ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ самти афзалиятдору аввалиндараҷаи робитаҳои кишварҳои аъзо номида шуд, зеро давлатҳои иттиҳод барои рушди он захираҳои калон доранд.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натиҷаҳои давоми се даҳсола ба даст овардаи кишварҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то ҳол монеаҳо ва маҳдудият мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд.

Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар самтҳои фарҳангию гуманитарӣ андешаронӣ карданд.

Дар баромади худ Сарвари давлат инчунин оид ба пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи Замин ва рушди иқтисоди кишварҳо суханронӣ карданд.

Терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 — 2025 аст.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ бо иштироки ҳайатҳои васеъ оид ба натиҷаи масъалаҳои баррасишудаи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва дар бораи рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзо Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд  санадҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи созмонро ба тасвиб расониданд.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14.10.2022

Октябрь 14, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд