Президенти Тоҷикистон: «Сарбанди бунёдгардидаи НБО «Норак» дар дунё ҷойи аввалро ишғол менамояд»
ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарбанди 300-метраи аз сангу шағал бунёдгардидаи Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дунё ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак баён намуданд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, барои бунёди сарбанд 54,2 миллион метри мукааб сангу хок истифода шудааст. Дар сарбанди ин иншоот дараҷаи баланди бозёфти техникӣ-муҳандисӣ маҳфуз мебошад. Сарбанд дорои мағзи (ядрои) марказӣ буда, такягоҳҳои он аз санги суфта ва қум пур карда шудаанд. Масоҳати он аз мағз то такягоҳҳо бо филтрҳои ғафсияшон тағйирёбанда (4-10 м), ки аз маводи сунъӣ тайёр карда шудаанд, бастабандӣ шудааст. Инчунин барои тобовар будан канорҳои сарбанд аз ду тараф бо харсангҳои гарон –аз тарафи обанбор ғафсии қабаташон 20-40-метра ва аз тарафи резишгоҳи поён ғафсии қабаташон 5-10-метра мустаҳкам карда шудаанд.
Ҳамчунин ба хотири пешгирии кафидани қабати замин дар чуқурии аз 40 то 130 метр дар поёни сарбанд пардаи муқобили филтршавии об бунёд ёфтааст. Хуллас, мустаҳкамиву бехатарии сарбанди обанбори неругоҳ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Ҳамчунин Сарвари давлат иброз намуданд, ки «иқтидори лоиҳавии он 3000 мегаваттро ташкил дода, он то бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррифи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад».
Бояд гуфт, ки 15 ноябри соли 1972 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки моҳи ноябри соли равон ҷиҳати баистифодадиҳии он 50 сол пур мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардиданд. Солҳои аввал иқтидори пурраи неругоҳ 2700 МВт – ро ташкил медод.
Обанбори «Норак» 70 километр дарозӣ ва 98 километри мураббаъ масоҳат дошта, ғунҷоиши обаш 10,5 километри кубӣ мебошад. Чуқурии миёнаи обанбор 107 метр мебошад.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, «дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт – соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт – соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд».
Ба гуфтаи Пешвои миллат, имрӯз дар неругоҳ 737 нафар корманд, аз ҷумла 165 нафар бонувону занон фаъолият доранд ва ҳайати муҳандисиву техникии он 204 нафарро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ /АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






