Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар муассисаи таълимии томактабии №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ камбудиҳоро ошкор намуд

Октябрь 17, 2022 09:44

 ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Зимни боздиди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовинонаш аз вазъи фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар  ноҳияи Фирдавсӣ якчанд камбудиҳои ҷойдошта ошкор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Дар ҷараёни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134-и ноҳияи Фирдавсӣ маълум гардид, ки дар муассиса камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, бавижа захира накардани маводи хӯрокворӣ барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулияти кӯдакон, дуруст истифода нашудани заминҳои назди муассиса, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки зимни боздиди роҳбарияти вазорат ба мушоҳида расиданд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 маълум гардид, ки корҳои тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қуттиҳои партов ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расиданд.


Ба роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта давоми як ҳафта тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид