Рустам Ҳайдаров, сиёсатшинос: «Низоме, ки зан-модарро таҳқир мекунад, мубтало ба фаност!”
ДУШАНБЕ, 03.10.2022/АМИТ «Ховар»/. Вазъияти мураккаби ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҳамсоякишвари мо Афғонистон ҳамоно дар сархати хабарҳои расонаҳои иттилоотии ҷаҳон қарор дорад. Дар чунин як шароит мушкил мушоҳида менамоем, ки бо истифода аз фурсати муносиб ва бо ҷуръати ғайриоддӣ занони афғон аз худ дарак дода, садои эътирозашонро ба ҳукумати ба ном Амороти исломӣ, ки ҳуқуқҳои инсонии онҳоро поймол карда, кунҷи узлатро барояшон муайян кардааст, баланд менамоянд.
Вобаста ба ин мавзуъ коршиноси мо, сиёсатшинос, муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи мимллии илмҳои Тоҷикистоон, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ чунин ибрози назар намуд:
— Эътирози навбатии занони афғон дар Кобул ду рӯзи пеш сурат гирифт. Ин дафъа бо баҳонаи ҳамрайъӣ бо занони Эрон, ки барои ҳалок шудани духтари 22 сола Маҳсӣ Аминӣ кӯчаю хиёбонҳои даҳҳо шаҳри ин кишварро пур кардаанд, бо шиорҳои “Занон, ҳаёт, озодӣ”, “Занони Афғонистон ва Эрон муқобили асирӣ” ба маркази Кобул баромаданд. Чун ҳамеша, неруҳои амниятии “Толибон”* онҳоро бо тарси силоҳ пароканда карданд, вале садои онҳоро ҷаҳониён бори дигар шуниданд.
Пӯшида нест, ки фишори ҳукуматдорони “Толибон”* бар сари занону духтарони афғон, поймол шудани ҳуқуқҳои инсонии онҳо, баста боқӣ мондани мактабҳо барои духтарон ва дар маҷмуъ инкор шуданашон ба сифати ҷузъи комили ҷомеаи инсонӣ, ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Чунин ба назар мерасад, ки бинобар сабаби нотавонӣ дар мудирияти давлат ва ҳалли масоили рузмарраи иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа, нагирифтани пеши роҳи таркишу амалҳои террористӣ, ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бо роҳбарии ҳаракати террористии “Толибон”* алами худро аз бонувони афғон мегирад.
Имрӯз ҳаракати бонувон, ки на барои худ, балки барои дифои ҳуқуқи тамоми миллати мазлуми афғон даст ба эътироз мезананд ва аз ҳукумати толибони тундраву ҷоҳил талаби таъмини зиндагии осоишта, дастрасӣ ба маориф, таъмини ҷойи кор ва ҳалли дигар масаъалаҳои маишииро доранд, аз ҷониби неруҳои толибонӣ ба таври ваҳшиёна саркуб мешаванд.
Аммо на СММ, на дигар созмонҳои байналмилалии дифои ҳуқуқи башар, алалхусус САҲА, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои як қишри бузурги ҷомеаи афғонро, яъне бонувонро дар ин кишвар нодида мегиранд. Ин муносибати созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи “меъёрҳои дугона” ба поймол шудани ҳуқуқи занони афғон то кай идома хоҳад ёфт? Чаро ягон кишвари аврупоӣ, хусусан Лаҳистон, ки имрӯз мизбони аъзои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти дастдошта ба куштори даҳҳо ҳазор тоҷик ва дар пайравӣ ба “Толибон” ҷонибдори ташкили давлати исломист, ин гуна муносибати толибони ҷоҳилро нисбати бонувони афғон маҳкум намекунанд?
Ояндаи ҳар миллат аз муносибаташ ба бонувони худ вобаста аст. Аз заноне ки пайваста зери таҳқиру таҳвин ва хушунат қарор доранд, чи насле таваллуд мегардад? Ин гуна давлат чӣ оянда дорад?
Танҳо зани руҳан ва ҷисман солим метавонад барои дилхоҳ миллат, чуноне ки таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистон исбот менамояд, насли озодандешу сарбаланд ба бор ораду тарбия намояд. Имрӯз бонувони тоҷик дар арсаи идораи давлат, илму маориф, иқтисоду сиёсат дар радифи шермардони тоҷик истода, баҳри таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони миллат хизмати арзанда карда истодаанд.
27 сентябри соли ҷорӣ дар Кобул дар ҳамоиши бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии гардишгарӣ” Шермуҳаммад Аббос Станекзай, муовини ВКХ Амороти исломӣ бо ҳимоя аз кушодани мактабҳо барои духтарони синфҳои болоӣ сухан кард. Номбурда қайд кард, ки асоси исломӣ барои манъ кардани донишомӯзии духтарон нест ва инро уламои дин метавонанд таъйид кунанд. Албатта, чунин суханон бори аввал нест, ки садо медиҳанд, вале натиҷааш ба чи меанҷомида бошад, феълан маълум нест.
Мутаассифона ҷоҳилони динзада ба мисли ҳаракати террористии “Толибон” ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар минтақа динро ба сифати воситаи муттаҳам доштану саркуб намудани занон истифода доранд. Оё сӯиистифода аз дин хиёнат ба дин ва таҳрифи он маҳсуб намеёбад? Воқеият ин аст, ки низоми таҳқиркунандаи зан-модар мубтало ба фаност!
_______________________________
*Ташкилоти мамнуъ дар Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






