Сафири Тоҷикистон дар Россия бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат мулоқот намуд

Октябрь 4, 2022 15:27

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии кишвари иқомат ва  аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, зикр карда шуд.

Махсусан таъкид гардид, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.


Ҳамчунин зимни мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иштирокдорон дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 31 соли истиқлолият, таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ  ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон  истифода баранд.

Дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик низ баррасӣ гардид.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст дар амалисозии ташаббусҳои  ҷавонони донишҷӯ мусоидат намояд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Октябрь 4, 2022 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад