Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо роҳбари бунёди гурӯҳи Мармара мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии гурӯҳи Мармара доктор Аккан Сувер доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодии дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки тайи 25 соли охир Саммити иқтисодии Авруосиё аз ҷониби Бунёди Мармара ташкил мешавад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 8 июн дар Туркия 25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё зери унвони «Ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни ҷомеаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ: Ба сӯи ҷаҳони рақамии бештар, ба сӯи ҷаҳони сабзтар» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Саъдӣ Қодирзода оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳои минтақа, фазои мусоид ва имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави мамлакат, вазъи иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегӣ, иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ибрози андеша намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 маълумот пешниҳод намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид






