Сармоягузорон ва ширкатҳои олмонӣ ба ҳамкории фаъол бо Тоҷикистон даъват шуданд

Октябрь 11, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ 7 октябр бо ибтикори муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Иттиҳоди федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) ҳамоиши муаррифӣ барои доираи сармоягузорони эҳтимолӣ, ширкатҳои мухталифи олмонӣ, коршиносони минтақа ва рӯзноманигорон баргузор  карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин нишаст иштирокчиён бо иқтидору имконияти иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, логистикӣ ва дигар самтҳо шинос шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба лоиҳаҳои дар бахшҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ дар кишвари мо ҷалб гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз пурра истифода нашуда, имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фанновариҳои муосир аз Олмон ҷиҳати истифодаи зарфияти мавҷуда, коркарди маҳсулоти мухталифи саноатӣ ва бад-ин васила рушди иқтисоди миллӣ манфиатдор аст.

Дар ин замина аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон саҳм гузоранд.

Мудири федеролии BWA Урс Ункауф таъкид намуд, ки рағбати доираҳои мухталифи олмонӣ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон зиёд буда, ниҳоди ӯ барои пешбурди ин иқдом мусоидат хоҳад намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштироккунандагон ба саволҳои сершумори худ дар хусуси имконияти роҳандозии ҳамкории баъдӣ, шароит ва заминаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар мавзӯъҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 11, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад