Сармоягузорон ва ширкатҳои олмонӣ ба ҳамкории фаъол бо Тоҷикистон даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ 7 октябр бо ибтикори муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Иттиҳоди федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) ҳамоиши муаррифӣ барои доираи сармоягузорони эҳтимолӣ, ширкатҳои мухталифи олмонӣ, коршиносони минтақа ва рӯзноманигорон баргузор карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин нишаст иштирокчиён бо иқтидору имконияти иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, логистикӣ ва дигар самтҳо шинос шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба лоиҳаҳои дар бахшҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ дар кишвари мо ҷалб гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз пурра истифода нашуда, имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фанновариҳои муосир аз Олмон ҷиҳати истифодаи зарфияти мавҷуда, коркарди маҳсулоти мухталифи саноатӣ ва бад-ин васила рушди иқтисоди миллӣ манфиатдор аст.
Дар ин замина аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон саҳм гузоранд.
Мудири федеролии BWA Урс Ункауф таъкид намуд, ки рағбати доираҳои мухталифи олмонӣ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон зиёд буда, ниҳоди ӯ барои пешбурди ин иқдом мусоидат хоҳад намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштироккунандагон ба саволҳои сершумори худ дар хусуси имконияти роҳандозии ҳамкории баъдӣ, шароит ва заминаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар мавзӯъҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






