«Шоҳроҳи бузурги абрешим. Марҳилаи нави рушд»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №200 (24 559), чоршанбе, 19 октябри соли равон зери сарлавҳаи «Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ аст» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм», инчунин хабару гузоришҳоро зери унвони  «Мулоқоти Сарвари давлат бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ», «Норак. Фардо аз имрӯз ҳам шукуфонтар мешавад» нашр намудааст.

Дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз, аз қабили «Рисолати маорифпарварии Пешвои миллат», «Шоҳроҳи бузурги абрешим. Марҳилаи нави рушд», «Ҷомеа. Ҷавонон ва рушди тафаккури миллӣ» ва «Адиби ҳама давру замонҳо»  пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Муаллифи маводи «Шоҳроҳи бузурги абрешим. Марҳилаи нави рушд» Шаҳноз Қурбонова чунин нигоштааст: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои қадимӣ мебошад. Дар ҳудуди он ҳанӯз то нимаи асри I то мелод давлатҳои Суғду Бохтар ба вуҷуд омадаанд. Дар ин ҳудуд Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Сосониён, Сомониён ва дигар сулолаҳо ҳукмронӣ кардаанд. Таърихи Шоҳроҳи бузурги абрешим, ки ба қаъри ҳазорсолаи II-I пеш аз мелод рафта мерасад ва аз рушду нумуи тамаддунҳо шаҳодат медиҳад, дар замонҳои пеш дар интиқоли арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ нақши бузург доштааст, Шарқи Наздик, Миёна, Дур ва Осиёи Марказиро ба ҳам пайванд сохтааст. Аз ин хусус бозёфтҳои бостоншиносии зиёди аз минтақа ёфтшуда шаҳодат медиҳанд. Ба шарофати тадқиқоти бостоншиносӣ осори тамаддуни воло дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Тӯли Шоҳроҳи бузурги Абрешим бисёр шаҳрҳо, минтақаҳои аҳолинишин, корвонсаройҳои дар давраҳои гуногун пайдошуда мавҷуд буданд. Машҳуртарини онҳо Панҷакенти Қадим, пойтахти Уструшана — Бунҷикат, Ҳисори асримиёнагӣ, мадрасаи Хоҷамашҳад, шаҳри антиқии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, пойтахти Хуталон — Ҳулбук ва қалъаи Ямчун мебошанд, ки ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият- ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд…».

Ҳамчунин дар ин матлаб муаллиф аҳамияти иқтисодӣ ва  сайёҳии ин шоҳроҳро таҳлилу баррасӣ намудааст. Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи душанбе, 17 октябр №128 (4548) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар дар саҳифаи аввали худ оид ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм», ки  18-19 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд,   гузориш нашр намудааст.

Инчунин дар саҳифаи аввали он  ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат ва Паёми шодбошии Сарвари давлат  ба муносибати ҷашни Меҳргонро инъикос намудааст.

Хонанда имкон дорад, ки аз ин шумора доир ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ гардад.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №43 (20376), 19 октябри соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм», ки  18- 19 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд ва матлаби муаллифон профессор Абдуллоев М.Х. ва номзади илмҳо Аъзамов Х.С.-ро зери унвони «Исторические заслуги Лидера нации Эмомали Рахмона в достижении мира и согласия» ба нашр расондааст.

«Известно, что урегулирование межтаджикского конфликта и востановление мира в республике Таджикистан теснейшим образом связано с миротворческой и созидательной деятельностью Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона.

Гражданская война в Таджикистане являлась самой кровопролитной на территории бывшего СССР после его распада. А что послужило причиной того, что конфликтующие стороны были вынуждены начать переговоры и положить конец братоубийственной войне в республике? Конечно, глубокое изучение событий периода гражданской войны свидетельствует о том, что обе стороны вскоре поняли, что продолжение войны грозило бы потерей независимости Таджикистана…»,- чунин оғоз шудааст матлаби мазкур.

Муалифон дар маводи хеш ба  даст овардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар мамлакатро мавриди таҳлилу барасӣ қарор додаанд, ки ин хонандаро бори дигар бо таърихи гузаштаи миллат огоҳ месозад.

Ҳамчунин дар ин шумора доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз матлаб ва хабару гузоришҳои муҳим ба нашр расонида шудаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи №41  (1387),  19 октябр, чоршанбе, зери сарлавҳаҳои «Сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон», «Иштирок дар ҳамоиши шашуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё», «Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф», «Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ» матолиб нашр намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Хонандагон ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора матлабҳои ҷолиби «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва оғози давлатдории миллӣ», «Экология ғамхорӣ мехоҳад», «Кишварро аз вартаи фалокат наҷот дод», «Шукуфоии кишвар мароми мост», «Тарбия ҳусни таълим аст», «Пайкараҳо ҳам тарбия мекунанд»-ро мутолиа намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст