Си Ҷинпин ба таҳким бахшидани амнияти ҳастаӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Чин бояд амниятро дар минтақаҳои ҳастаӣ, кайҳонӣ ва инфрасохтори калидӣ таҳким бахшад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин аз номи Кумитаи марказии ҳизб, даъвати 19-ум чунин изҳор дошт.
«Бунёди низоми таъмини амниятро дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтори калидӣ, молия, интернет, маълумот, биология ва захираҳо, инчунин дар бахшҳои ҳастаӣ, кайҳонӣ ва баҳрӣ тақвият додан зарур аст»,- гуфт ӯ.
Аз 16 то 22 октябр дар Пекин ҷаласаи Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин баргузор мешавад. Дар он қариб 2,3 ҳазор нафар вакилон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат, ки намояндагони бештар аз 96,5 миллион нафар аъзои ҳизб мебошанд, иштирок доранд. Онҳо натиҷаҳои кори панҷсолаи Ҳизби Коммунистии Чинро ҷамъбаст карда, мақсадҳоеро, ки Чин дар оянда барои онҳо кӯшиш хоҳад кард, нишон медиҳанд.
АКС: Global Look Press | Li Xueren/XinHua








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






