Таъйиноти нав дар Вазорати молияи Тоҷикистон

Октябрь 17, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Саидзода, Зафар Азимӣ ва Завқибек Шодиён аъзои нави коллегияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Дилшод Саидзода дар вазифаи сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, моҳи март аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Зафар Азимӣ мансабдори собиқи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аст, ки ба ин вазорат ба кор гузаштааст.

Завқибек Шодиён ба ҳайси корманди Кумитаи андози ҷумҳурӣ кор карда, баъдан сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Абибуллоев, Сайвалӣ Сафаров ва Темуралӣ Афғонов аз ҳайати коллегияи Вазорати молияи Тоҷикистон бароварда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 17, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид