Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳиманд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим мебошанд. Дар ин бора 17 октябр дар Теҳрон дар дидори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Подшоҳии Нидерланд Франк Моллен бо мудири кулли идораи умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳзод Собирии Ансорӣ таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот роҷеъ ба баргузории Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин замина ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим дониста шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






