ТАСС: Душанбе ва Минск дар бахшҳои соҳибкорӣ ва маориф 48 созишнома ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус дар бахши соҳибкорӣ ва маориф 48 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Маросими имзои созишномаҳо аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии муштараки намояндагони ду кишвар, ки рӯзи сешанбе дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, иттилоъ медиҳад хабарнигори ТАСС.
Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус, ки фарогири намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, бахшҳои дахлдор, роҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус буда, ҷиҳати иштирок дар он аз Беларус ҳайати иборат аз 150 нафар омада буд, дар шаҳри Душанбе доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои форум роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус 20 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, воридоти трактору дигар мошинҳо барои кишоварзӣ, коммуналӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ба имзо расониданд.
Тавре Президенти Беларус Александр Лукашенко баъдан ба хабарнигорон гуфт, ҳаҷми созишномаю қарордодҳои басташуда қариб 50 миллион долларро ташкил додааст. Илова бар ин, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар 28 созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расониданд.
Иштирокчиёни форум масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон самтҳои асосии рушди иқтисоди кишвар, иқтидори сармоягузории он, имконияти фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки роҳбарони идораҳои дахлдор оид ба онҳо ибрози назар карданд, муаррифӣ гардид.
Намояндагони ҳайати Беларус инчунин оид ба дурнамои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои IT, кишоварзӣ ва бонкдорӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар доираи форум намоишгоҳи «Made in Belarus» доир гашт, ки дар он маҳсулоти истеҳсолкунандагони Беларус, ҳамчунин имконияти таълимӣ дар донишкадаҳои олии Беларус намоиш дода шуданд. Соҳибкорони тоҷик дар формати B2B бо намояндагони беш аз 30 ширкати иштирокчии намоишгоҳ мулоқоту музокирот анҷом доданд.
Созмондиҳандагони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Намоишгоҳи истеҳсолкунандагони беларусӣ рӯзи чоршанбе корашро идома медиҳад.
АКС: «БелТА»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






