Тоҷикистон ва Россия дурнамои ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон, аз ҷумла роҷеъ ба таъсис додани корхонаи истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, инчунин зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Федератсияи Россия изҳори назар карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Россия








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






